5-уми феврали соли 2017 дар бинои Сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди самбои муҳорибавӣ баргузор гардид, ки дар он 10 даста ва зиёда аз 200 нафар варзишгари ҷавону наврас ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфӯз варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Фазлиддин Шоев иштироки фаъолона намуда, се ҷойи ғолибиятро ба даст оварданд.
Дар байни варзишгарони касбӣ, пас аз ҳунарнамоии хуб аз рӯи вазни 51 кило, варзишгари «Динамо» Шукрулло Файзуллоев ҷойи аввал, дар вазни 57 кило Ҳомид Одинаев ва дар вазни 68 кило Эраҷ Абдураҳмонов ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ғолибон соҳиби медалу тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>