Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи шиноварӣ

Дар идомаи мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставии миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ҷавонон – нерӯи созанда», имрӯз, дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи намуди шиноварӣ дар байни мардон ва бонувон доир гардид, ки дар он 10 даста бо шумораи беш аз 100 нафар иштирок намуданд.

Варзишгарон аз рӯи чанд намуди варзиши шиноварӣ ҳунару маҳорати худро санҷида, мусобиқаи хеле ҷолибро нишон доданд.
Омодагии нисбатан беҳтари варзишгарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ имкон дод, ки онҳо аз рӯи ишғоли ҷойҳои бештари мусобиқа мақоми аввалро ба даст оранд. Шиноварони дастаи Вазорати мудофиа ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, миёни мардон Раҳматулло Шарипов – корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҷойи аввал, Алиҷон Машрабов – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зинаи дуюм ва Азиз Усмонов – аз дастаи Вазорати мудофиа ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд.
Дар сабқати шиноварӣ, намуди «аз баландӣ» миёни бонувон Сурайё Имомназарова – варзишгари дастаи «Вазорати мудофиа» ҷойи якумро соҳиб гашта, ишғоли мақоми дуюм ба Дилафрӯз Халилова аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва зинаи сеюм ба Фирӯза Убайдуллозода – намояндаи Академияи ВКД муяссар гардид.


Ҳамчунин, миёни бонувон сабқати шиноварии намуди «аз марра» доир карда шуд, ки дар он ҳар се ҷойҳои ғолибиятро намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ: Зуҳал Бахтиёрова - корманди Сарситоди Воҳидҳои махсус ҷойи аввал, Марҳабо Саидзода - корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ҷойи дуюм ва Гулшанбӣ Ҳабибова - корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика