Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ғолибони «Гуштини миллӣ»

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд, гуштини миллӣ, шиноварӣ, шашкаю шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ҷавонон – нерӯи созанда» оғоз ёфта буданд.


Имрӯз (02.02.с.2017) даври ниҳоии мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди «Гуштини миллӣ», ки тайи ду рӯз идома дошт, баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарони мактабҳои гуногуни варзишии ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳои давлатӣ иштирок намуда, дар назди тамошобинону мухлисони зиёди ин намуди варзиш ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Варзишгарон аз рўйи вазнҳои 60, 70, 80, 90, 100 ва беш аз 100 килограмм ба майдон баромаданд. Қувваозмоии иштирокчиёни мусобиқаро доварони шинохтаи ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи рақобатҳои давра ба давраи гуштингирон ғолибон дар вазнҳои худ муайян гардиданд.

Дар вазни 60 кило ҷойи аввалро Халилов Ҷамшед аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ишғол намуда, ҷойи дувумро Боқиев Суҳроб аз «Динамо»-и ВКД ва ду ҷойи севумро Гулов Ҳақдод аз шаҳри Ҳисор ва Абдураҳимов Наврӯз аз Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ соҳиб гаштанд.
Инчунин, дар вазни 70 кило Мехбуллоев Миралӣ аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД сазовори ҷойи аввал, ҷойи дуюмро Бодомаев Нуроншо аз ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойҳои сеюмро Юнусов Хисрав аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва Содиқзода Манучеҳр аз Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ба даст оварданд.
Дар вазни 80 кило ғолиби мақоми аввал Қурбонов Ҷамшед намояндаи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дониста шуда, Саидов Маҳмадрасул варзишгари «Динамо»-и ВКД ҷойи дуввум, Ҷумаев Р. ва Очилдиев Абубакр намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштанд.
Дар вазни 90 кило ғолибияти ҷойи аввал ба Шарипов Раҳмихудо муяссар гардида, ҷойи дуюмро Шайхов Шерзод аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва ҷойҳои сеюмро Оятуллои Қамарӣ варзишгари Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ва Исфандиёри Х. сазовор гаштанд.
Дар вазни 100 кило Ғазалшои Давлатшо гуштингири дастаи «Динамо»-и ВКД зинаи аввал, дар ҷойи дуюм Асомуродов Сайёд намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҷойи сеюмро дар ин вазн Асроров Аброриддин ҳамчунин аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Амирхонов Шоҳрух аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ноил гардиданд.
Дар вазни ниҳоии мусобиқа – беш аз 100 килограмм, иштирокчиёни мусобиқа бо як маҳорати хос байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ғолибият дар ин вазнро Хоркашов Набимуҳаммад варзишгари «Динамо»-и ВКД ба даст оварда, ҷойи дуюмро Неъматов Нурулло аз ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойҳои сеюмро Шомаҳмадов Саидмумин аз шаҳри Душанбе ва Шарипов Холмумин аз Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ишғол намуданд.


Ҳамин тавр, аз рӯи ғолибияти бештари варзишгарон дастаҳои ғолиб низ маълум гаштанд. Дастаи гуштингирони Раёсати қушунҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаи «Гуштини миллӣ» эълон гардида, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи дуввум, варзишгарони дастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ғолиби ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов, Т. Латипов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика