Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти бозиҳои футбол миёни дастаҳои бонувон ва наврасон

2425

Дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ҷавонон нерӯи созанда» бо маром идома дорад.
Дар мусобиқаи байни бонувон 6 даста: «Норак», «Турсунзода», «Динамо»-и ВКД, «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Душанбе-1» ва «Душанбе-2» бо ҳам рақобат доранд.
Бозии миёни дастаҳои «Норак» ва «Турсунзода» хеле ҷолиб гузашт. Суръат ва усули бозии бозингарони ҳар ду даста ҳам баробар буд, вале танҳо як тӯби задаи футболбози дастаи «Норак», ки дар нимаи аввали бозӣ зада шуда буд, имкон дод ба онҳо ғалаба орад. Дар бозии дигар дастаи «Динамо» бо ҳисоби калон 9:0 дастаи «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»-ро мағлуб сохт.

2627

Ҳамчунин, мусобиқаи футбол миёни наврасон ба давраи нимниҳоӣ наздик мешавад. Дар ин мусобиқа 12 дастаи наврасон иштирок намуда, дар ду гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар гурӯҳи «А» дастаи футболбозони «Динамо-1» бар дастаи «Автомобилист» бо ҳисоби 7:2 дастболо шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар гурӯҳи «Б» бошад, дастаи наврасони «Гвардияи миллӣ» дастаи «ММВКНЗО» (Мактаби захираҳои олимпӣ)-ро бо ҳисоби 5:3 шикаст дода, ҳамчунин ба давраи нимниҳоӣ баромад. Бозиҳои байни дастаҳои дигар идома доранд.


Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаҳо наврасону ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок дошта, бо як омодагии зиёд ҷидду ҷаҳд доранд мақоми ғолибиятро ба даст оранд. Дар баробари ин, мухлисони бешумори варзиш низ барои ҳаводории дастаи худ ҷамъ омадаанд.
Айни замон, мусобиқаҳои варзишӣ идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика