Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қуръапартоии мусобиқаи «Футболи хурд»

1009

Имрӯз (21.01.с.2017) дар толори маҷлисгоҳи Маҷмаии «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо иштироки мураббиёни соҳаи футбол, мутахассисони соҳа ва намояндагони дастаҳои иштирокчӣ маросими қуръапартоии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ҷавонон нерӯи созанда» доир гардид.

12

Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқа ҷиҳати иштирок дар бозиҳо 58 дастаи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии кишвар дархост пешниҳод намуда, аз инҳо 10 даста дар байни наврасон, 32 даста миёни ҷавонон ва 16 даста байни собиқадорон муайян гардиданд.
Мусобиқа тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии ФИФА (оид ба футболи хурд) бо тариқи даврӣ ва бо ҷудо намудан ба гуруҳҳо дар толорҳои Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин ва Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» гузаронида мешавад.
Аз рафти мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика