Рӯзҳои 14-15 январи соли 2017, дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намуди «Кикбоксинг» барои дарёфти Ҷоми «Динамо» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии варзишии мазкур баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишии наврасону кӯдакон, таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо ва тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.
Дар ин мусобиқа беш аз 120 нафар варзишгар дар ҳайати 8 даста аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Кӯдакону наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005, 2006-2007 ва 2008-2009 аз рӯи синну сол ва вазни муайян барои ишғоли ҷойҳои ғолибият қувваю маҳорати худро санҷиданд.
Мусобиқаи «Кикбоксинг» тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии «WAKO» (Асотсиатсияи гузаронидани варзиши намуди кикбоксинг) доир гардид.
Дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳайати ду даста, «Динамо-1» ва «Динамо-2» баромад намуда, аз натиҷаи ҷойҳои ғолибияти варзишгарон, дастаи «Динамо-1» мақоми аввали мусобиқаро соҳиб гашт. Варзишгарони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ҷойи дуввум ва дастаи ноҳияи Ёвон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Чи тавре, ки дар сӯҳбат бо мо мураббии ШҶ «Динамо»-и ВКД аз намуди варзиши «Кикбоксинг» Фазлиддин Шоев иброз дошт, динамочиён бо тайёрии хуб ба мусобиқа баромада, аксари ҷойҳои ғолибияти мусобиқаро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, ҷойҳои якуми мусобиқаро варзишгарони навраси зерини ҳар ду дастаи «Динамо» сазовор гаштанд:
- Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар вазни 21 кило (соли таваллуди 2008-2009);
- Мирзоайнидин Бурҳонов дар вазни 23 кило (соли таваллуди 2008-2009);
- Носир Маҳмадалиев дар вазни 27 кило (соли таваллуди 2006-2007);
- Комрон Сабзаков дар вазни 33 кило (соли таваллуди 2004-2005);
- Содиқ Абдухолиқов дар вазни 38 кило (соли таваллуди 2004-2005);
- Саидбек Саидов дар вазни 41 кило (соли таваллуди 2000-2001);
- Ҳомид Одинаев дар вазни 50 кило (соли таваллуди 2000-2001);
- Муҳаммад Алиев дар вазни 60 кило (соли таваллуди 2002-2003);
- Шокир Файзуллоев дар вазни 53 кило (соли таваллуди 2002-2003);
- Эраҷ Абдураҳмонов дар вазни 67 кило (соли таваллуди 2000-2001);
- Комрон Ҷӯраев дар вазни 60 кило (аз соли таваллуди аз 2000 боло).
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу Ифтихоромаҳои фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Тӯҳфаҳоро ба варзишгарони ғолиб роҳбарияти Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД супориданд.
Х.Солиҳов.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>