Хотиррасон менамоем, ки дар ин мусобиқа беш аз 300 нафар варзишгар аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14 вазн ва вобаста ба синну сол баромад намуда, маҳорат ва қуваю омодагии ҷисмонии худро санҷиданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 29 кило Суҳроб Алимов аз шаҳри Душанбе, Маъруфулло Собиров аз Истаравшан ҷойи дуюм, Баҳриддин Хоҷиев аз Хуҷанд ва Муҳаммадали Юсупов аз Истаравшан ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа дар вазни 32 кило: Қурбоншо Коналиев – варзишгари «Динамо»-и ВКД - ҷойи аввал, Меҳроҷ Абусафоев аз шаҳри Бустон - ҷойи дуюм, Машраф Ҷафархоҷаев, аз дастаи «Динамо» ва Сунатулло Солеҳов аз шаҳри Душанбе - ҷойҳои сеюм дониста шуданд.
Дар вазни 35 кило ҷоизадорони зинаи аввал Давлат Худойбердиев аз Истаравшан, ҷойи дуввум Сиёвуш Ачилов аз шаҳри Душанбе ва ду ҷойи сеюм Сунатулло Абдуллоев аз шаҳри Кӯлоб ва Насимҷони Улфатшо аз Душанбе эълон гардиданд.
Дар вазни 38 кило ҷойи якумро Анушервони Ҷумахон, ҷойи дуюмро Анвар Ҷураев ва ҷойҳои сеюмро Зайдулло Ортиқбоев ва Маҳмуд Бобоназаров соҳиб гаштанд.
Ҳамчунин, дар вазни 42 кило намояндаи «Динамо»-и ВКД Фирӯз Мирзораҷабов ҷойи якум, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон Эрзат Табалдиев – ҷойи дуввум, намояндагони «Динамо» Ҳасан Назаров ва Валиҷон Давлатов ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Тоҳир Олимов аз шаҳри Кӯлоб дар вазни 46 кило ҷойи аввалро соҳиб гашта, дар ин вазн ҷойи дуюмро Ҷомӣ Исроилов аз шаҳри Душанбе ва ҷойҳои сеюмро Сиёвуш Назаров ва Ориф Бобоев аз шаҳри Душанбе соҳиб гаштанд.
Намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Паизов дар вазни 50 кило мақоми аввали ғолибиятро соҳиб гардида, Алиҷон Ҷӯраев аз шаҳри Душанбе ҷойи дуввум, намояндагони дастаи «Динамо»-и ВКД Аламшоҳ Камолов ва Муҳаммад Файзов ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.
Дар вазни 54 кило намояндагони шаҳри Душанбе Давлатали Шарипов ҷойи якум, Ҷамшед Қурбонов ҷойи дуюм, Рабони Мирзоев ва Фаррух Мусоев аз дастаи «Динамо» ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд.
Дар вазни 58 кило Шаҳзод Очилов аз шаҳри Истаравшан – бо ҷойи аввал, Шарифҷон Маҳрамов аз Душанбе бо ҷойи дуввум, Азимҷон Бобоқулов аз Истаравшан ва Нурсултан Ҷомартов аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо ишғоли ҷойҳои сеюм ғолиб омаданд.
Дар вазни 64 кило ҷойҳои ғолибиятро Шаҳзод Ҳамидов аз шаҳри Истаравшан зинаи аввал, Руслан Алмасбеков аз Ҷумҳурии Қирғизистон зинаи дуввум, Султони Бобомурод аз шаҳри Душанбе ва Максадбек Шер аз Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Дар вазни 69 кило Шавкати Баҳодур аз шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, Бексултон Назарбоев аз Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойи дуюм, Беҳрӯз Табаров аз шаҳри Душанбе ва Наврузҷон Қаюмов аз Истаравшан ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни 76 кило Фозил Саидов аз шаҳри Истаравшан ҷойи аввал, Баҳриддин Шарипов аз шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, Ҷовид Турдибоев аз Истаравшан ва Умедҷон Зокиров аз Душанбе ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштанд.
Дар вазни 85 кило намояндагони шаҳри Душанбе Ҳаким Иноятов ҷойи якум, Хусрав Нумонов ҷойи дуввум, намояндагони шаҳри Истаравшан Иброҳим Азизов ва Азимҷон Ҳомидов сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Дар вазни 100 кило, Баҳрулло Тоҷибоев аз шаҳри Хуҷанд бо ишғоли ҷойи аввал, Муҳаммад Ҳасанов аз шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, Бобоҷон Самадов аз шаҳри Кӯлоб ва Сергей Сурков аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ишғоли ҷойҳои сеюм ғолиби мусобиқа дар ин вазн гардиданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ бо медалу ифтихорнома, тӯҳфаҳои хотиравию арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Гуштини тарзи юнону румӣ ин муҳорибаи байни ду варзишгар мебошад, ки бо тарзу усулҳои ба худ хос, то камар истифода бурда мешавад. Мақсади асосии қувваозмоӣ ҳарифи худро дар қолин афтондан аст. Барои варзишгарон тамринҳои доимӣ, сабру тоқат, ҳушёриву чолокӣ ва омӯхтани тарзу қоидаҳои он зарур аст.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>