Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи «Динамо» ғолиби мусобиқаи «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилӣ» гардид

Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни ташкилоту идораҳои давлатӣ идома дошт.

Имрӯз (27.04.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ даври ниҳоии ин мусобиқа доир гардид. 

Барои дарёфти ҷойи сеюм дастаҳои «Фурудгоҳ» ва «Собиқадорон» бо ҳам рақобат намуданд. Бозингарони ҳар ду даста ҳам бозии хеле хуб нишон доданд. Натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи «Собиқадорон» анҷом ёфт. 

Дар бозии дигар барои ҷойи аввали мусобиқа ду дастаи пешсаф, дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва «ФФТ» (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ба майдон баромаданд.

Футболбозони дастаи «Динамо» таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки худ дар бозӣ фаъолона иштирок дошт, пешсаф буда, аллакай дар дақиқаи аввали бозӣ ҳисобро кушоданд. Дар идомаи бозӣ низ динамочиён бартариятро аз даст надода, ба дарвозаи ҳарифи худ ҳамлаҳои пай дар пай намуданд. Дар натиҷа, дастаи «Динамо»-и ВКД бо ҳисоби калони 8:2 ба дастаи «ФФТ» ғолиб омада, ғолиби мусобиқаи «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. 

Футболбозони дастаи «Динамо» таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки худ дар бозӣ фаъолона иштирок дошт, пешсаф буда, аллакай дар дақиқаи аввали бозӣ ҳисобро кушоданд. Дар идомаи бозӣ низ динамочиён бартариятро аз даст надода, ба дарвозаи ҳарифи худ ҳамлаҳои пай дар пай намуданд. Дар натиҷа, дастаи «Динамо»-и ВКД бо ҳисоби калони 8:2 ба дастаи «ФФТ» ғолиб омада, ғолиби мусобиқаи «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.

Ҳамин тариқ, дар ин мусобиқа дастаи «Динамо»-и ВКД ҷойи аввал, «ФФТ» ҷойи дуюм ва дастаи «Собиқадорон» ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни ташкилоту идораҳои давлатӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов суханронӣ намуда, ғолибони мусобиқаро барои бозии хуб нишон додан ва муваффақияти ба даст овардаашон табрику муборакбод намуд. 

Қайд гардид, ки варзиш тарзи ҳаёти солим буда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ҳамасола, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуда, ба онҳо на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки аз дигар вазорат, ташкилоту идораҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар фарҷоми чорабинӣ дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини мусобиқа аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷом, Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Х. Солиҳов.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика