Ҳамин буд, ки ҳафтаи сипаришуда дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии РХДО ш.Душанбе, вобаста ба ҷашни Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мусобикаи СХДО оид ба варзиши сабук байни ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии горнизони Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқа байни 16 дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла: давидан ба дарозии 100 метр, давидан ба масофаи 5 км, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва эстафетаи оташнишонӣ баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинии варзишӣ ҷойи аввалро дастаи қисми 1-уми Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе, ҷойи дуюмро дастаи қисми 2-юм оид муҳофизати н.Фирдавсии пойтахт ва ҷойи сеюмро дастаи қисми 13-ум оид муҳофизати ш.Турсунзада ишғол намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Сарраёсат ғолибони мусобиқа бо Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Толиб Ҳаётов, Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>