Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд

16dc0057a81213634b5f4d2341fa1949

Ҳайати намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд дидан намуданд.
Меҳмононро муовини сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, сардори Раёсати туризми бехатар, подполковник Улуғбек Аъзамхоҷаев истиқбол гирифт. Ҳамдамзода В.Ҳ. ва аъзои ҳайат дар бораи сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ислоҳот ва нақшаҳои оянда мухтасар суханронӣ карданд.
Сипас меҳмонон бо маркази иттилоотӣ-мултимедиявии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва осорхонаи «Шон-Шараф» шинос шуданд. Ба ҳайати меҳмонон дар бораи фаъолияти маркази иттилоотӣ-мултимедиявӣ маълумот дода шуд. Ба таваҷҷуҳи тамошобинони осорхонаи «Шон-Шараф» намоиши либоси низомӣ, мошину тахникаҳо, воситаҳо ва аслиҳаи махсус, ки дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешуданд, пешниҳод гардид.

2d3f68aeca4e0e7ce2eee98132c593f5

Меҳмонон инчунин бо фаъолияти Маркази ҳифзи ҳуқуқи Учтеппа дар назди Шуъбаи корҳои дохилии №2-и ноҳияи Чилонзор шинос шуданд. Мавриди қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2022 ҳамчун “Соли эҳтироми инсон ва маҳаллаи фаъол” эълон гардида, ин маркази ҳифзи ҳуқуқ бо дарназардошти ҷойгиршавии қулай дар чанд маҳалла ва фароҳам овардани шароити мусоид ба манфиати мардум хизмат менамояд. Бинобар ин аз ҷониби меҳмонон махсусан қайд карда шуд, ки хизмат ба манфиати мардум меъёри асосии фаъолияти мақомоти корхои дохилӣ мебошад.

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика