Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Муқовимат ба зӯроварӣ дар оила, пешбурди масоили гендерӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа"

0-02-0a-42ba7c48a86639de246e17e299a155eccecfa3cb6d930bf0e5df8d3bf7001e2b 338ff901f24333c5

Дар асоси дастуру супориш ва дастгириҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақша-чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дар ҳаёти воқеӣ ҷорӣ кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии таъмини масоили гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар байни кормандони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи мазкур 14-16-уми декабри соли ҷорӣ семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарро ёвари Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Хушбахт ҳусни ифтитоҳ бахшида, талаботи роҳбарият ВКД ва мақсади баргузории чорабиниро баён кард.
Дар чорабинии омӯзишӣ омӯзгорони Академияи ВКД Абдулаҳадзода А.А. ва Нуриддинзода С.Н. ба ҳайси тренер ҷалб гардида, дар давоми се рӯз бо риояи тамоми қоидаҳои педагогӣ ва омодагии сатҳи баланд муқаррароти қонунгузориро дар самти таҳқиқшаванда ба иштирокчиён омӯзониданд. Дар раванди баргузории семинар трененерон танҳо аз усулҳои интерактивии омӯзиш истифода карда, фикру ақидаи иштирокчиёнро ҷиҳати мушкилоти татбиқи амалии меъёрҳои қонунгузорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Дар хотима масъалаҳои дар чорабинӣ баррасигардида аз ҷиҳати назариявӣ ва татбиқи амалӣ дар ҳамбастагии фикру ақидаи ҳамаи иштирокчиён ҳал ва ҷамъбаст гардида, кормандони амалӣ ёдовар шуданд, ки дар фаъолияти кории хеш ва дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ муқаррароти қонунгузориро оид ба масоили баробарии гендерӣ риоя, иҷро ва татбиқ менамоянд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил гардида, ҳамаи иштирокчиён ба роҳбарияти ВКД ҷиҳати баргузории он миннатдории худро изҳор намуданд.0-02-0a-a2d9b98cd8f1fbc99909229c85d9587b44fb93d1aa0c41ceafb1610b71783311 146d3de464521a39




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика