Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурди масоили гендерӣ дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа

0-02-01-042ffc52518d7935490526a5e3ad42ae8c01d6ed34348e4724e7ebe82216e3a7 4f83a84587ab8f12

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №211 аз 1 июни соли 2021 оид ба Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2017, №256 "Дар бораи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия" 7-уми декабри соли 2021 бо иштироки 10 нафар нозирони минтақавӣ ва 5 нафар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-ҳои минтақа ва ноҳияи Рашт дар мавзӯи "Пешбурди масоили гендерӣ дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа" семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Барои омӯзиш тренерон-омӯзгорони Академияи ВКД Абдулаҳадзода А. ва Нуриддинзода С. сафарбар гардиданд.
Сараввал Ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Х. бо овардани иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд: "Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд". Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин раванд таъкид месозанд, ки "Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиену равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, ба хусус донишҷӯён мо метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, мубориза барем".
Сухан ба Абдулаҳадзода А. дода шуд. Абдулаҳадзода дар оғози сухан маълумот дод, ки бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Х. аз 30 июли соли 2020, рақами 417 "Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа" тасдиқ гардидааст, ки масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеаро дар бар мегирад.
Сипас бо ҳамроҳии Нуриддинзода С.Н. мувофиқи барномаи семинар ба иштирокчиён бо ташкили кор дар гурӯҳҳо, муаррифӣ ва саволу ҷавоб бо санъати волои суханронӣ, бо маҳорати баланди андешаронӣ, бо беҳтарин муошират омӯзиш ташкил намуда, бо доштани луғати бойи калимаҳои соҳавӣ (терминҳо) мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро соддаю оммафаҳм баён намуданд.
Дар раванди семинар намояндагони ҷомеа баромад намуда, аз баргузории чунин тарзи семинар яъне дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони милитсия ва ҷомеа ташкил шудани семинари омӯзишӣ, фикру андешаҳои худро иброз медоштанд. Чорабинии мазкур то рӯзи 9-уми декабр идома меёбад.

0-02-01-6ded35a836293f4adf351a550c981de0738de787563b137a65f9c972e5611b9d c66bcaa361078bfa

0-02-01-9d557b60aee6b460e0057f670b525f99efacd6445ac93d31faca66d8b41f2962 f0a2f7086c0b344d




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика