13-уми октябри соли ҷорӣ тибқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 барои кормандони милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар мавзӯи "Пешбурди масоили гендерӣ дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва муқовимат ба зӯроварӣ дар оила" семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ёдоварӣ намуд. Инчунин дар суханронии худ оид ба дастовардҳои замони истиқлол, талошу заҳматҳои Президенти кишвар барои беҳтар гардонидани шароити корӣ барои кормандони милитсия ибрози ақида намуд.
Дар чорабинии мазкур устодони Академияи ВКД Абдулаҳадзода А. ва Нуриддинзода С. ба сифати тренер ҷалб карда шудаанд.
Семинари омӯзишӣ то рӯзи 15 октябр давом ёфта, он дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар назар аст, ки чорабинии мазкур дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт низ баргузор карда шаванд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>