Рӯзи 28-уми сентябр дар толори хурди меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони сардори шуъбаҳои ВКД оид ба хизмат ва раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории Шӯроҳои ҷамъиятӣ бо милитсия дар пешгирии амалҳои номатлуб» баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои нақшаи вохӯриҳои Шӯрои ҷамъиятӣ бо нозирони минтақавӣ ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баррасӣ гардид.
Дар оғоз Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ зикр намуд, ки ҳадафи асосии ҳамаи мо, ҳифз намудани ҳаёти осоишта, солимии ҷомеа, ободиву созандагӣ ва дар навбати худ мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуби халалдоркунандаи тартиботу осоиштагӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия ва густариши ингуна ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад.
Муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил бо сухани муқаддимавӣ ба кори мизи мудаввар оғоз бахшида, ҳадафи баргузор намудани онро тавзеҳ дод, ки мақсади он ҳарчи бештар ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ дар самти амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» мебошад. Иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар раванди ислоҳот хело муҳим буда бояд шаҳрвандон имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд, зеро чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани ин сохтори давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар идома гузориши раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Ашт З.Мамадҷонов дар мавзӯи «Ҳамкории шӯроҳои ҷамъиятӣ бо милитсия дар пешгирии амалҳои номатлуб», раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Н.Маликисломӣ оид ба вохӯриҳои аъзоёни шӯро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раиси шӯрои шаҳри Панҷакент М.Додоева оид ба фаъолият дар 8 моҳи соли 2021 шунида шуда, корҳои то ин дам ба субут расида ва нақшаҳои дар пеш истода шарҳ дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати итилоъ расонӣ ба шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти милитсия таклифу пешниҳодҳои муфид пешниҳод гардид.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода оид ба натиҷаҳои фаъолияи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маърузаи таҳлилӣ намуда бо мисолҳои воқеъӣ вобаста ба камбудиҳои ҷой дошта ба ҳозирин маълумот дод.Ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, истифодаи таҷрибаи пешрафта барои самаранокии фаъолият ва иҷрои талаботҳои Барномаи давлатии ислоҳоти милития барои солҳои 2021-2025 дастур дод.
Иштирокдорони мизи мудаввар дар баробари баррасии барномаи кори Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар рафти чорабинӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар хотима бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд барои иштироки фаъолона дар тадбиқи раванди ислоҳоти милитсия ҳамаи раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфа қадршиносӣ карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи муштараки ВКД бо дафтари барномавии Созмони аҳдномаи ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>