Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши механизмҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа

1220

Ҳамкории милитсия бо ҷомеа талаботи муосири фаъолияти милитсия ва самти афзалиятноки ислоҳоти милитсия ба ҳисоб меравад, ки бе баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи кории кормандони милитсия ба таври пурра ба он муваффақ шудан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, давра ба давра дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ семинарҳои омӯзишӣ оид ба масъалаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баргузор гардида истодаанд, ки аз фаъолияти ташаббускорона ва маорифпарваронаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро шаҳодат медиҳад.

Дар асоси супориши роҳбарияти ВКД бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» рӯзҳои 13-15-уми апрели соли 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи ҳамкории милитсия бо ҷомеа зери роҳбарии ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Шарифзода Х.Ш. ва бо ҷалби устодони Академияи ВКД дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети 2 Академияи ВКД, майори милитсия Нуриддинзода С.Н. ва сардори кафедраи назарияи идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети 1 Академияи ВКД, н.и.ҳ., майори милитсия Рустамзода А.Қ., айни замон баргузор гардида истодааст.
Дар семинари омӯзишӣ ба ҳайси шунавандагон қисмати роҳбарикунандаи ҷузъҳои РВКД дар вилояти Суғд ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ даъват гардиданд.

1221

Дар рафти семинари омӯзишӣ омӯзгорон оид ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа аз рӯи дастурамали «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» маълумоти муфассал пешниҳод карда, баррасии мавзӯъҳоро ба муҳокимаи васеи иштирокчиён пешниҳод карданд.
Ҳамчунин дар рафти баргузории семинари омӯзишӣ таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Литва, Гурҷистон тариқи онлайн аз ҷониби мутахассисони байналмиллалии самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа шунида, муҳокима ва баррасӣ гардид.

Шарифзода Х.Ш., ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба
ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика