Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиш оид ба системаи нави бақайдгирии ҷиноятҳо

1384

Аз 7 то 11 декабри соли 2020, бо ташаббус ва дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии Сейферворлд (Safeworld «Дунёи бехатар») дар доираи ислоҳоти милитсия барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура оид ба низоми бақайдгирии электронӣ тренинг гузаронида шуд.
Мавриди қайд аст, ки системаи нави ҷиноятҳои электронӣ ба шаҳрвандон тартиби соддаи пешниҳоди талабот ва гузориш додани ҷиноятҳоро фароҳам меорад, инчунин қобилияти назорати равандҳои қабул ва бақайдгирии арзу шикоятҳо, раванди қабули қарор аз ҷониби кормандони масъули мақомоти таҳқикоту тафтишотро фароҳам меорад.
Мақсад аз низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳо таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба адолати судӣ, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё манфиатҳои ҷамъиятӣ ё давлатии бо қонун ҳимояшаванда ҳангоми пешниҳоди изҳорот ва гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳоро дар бар мегирад. Аз он ҷумла:
- рушди муносибатҳои милитсия ва аҳолӣ ҳамчун унсури асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, таҳкими алоқа ва ҳамкории милитсия, дигар муассисаҳои давлатӣ ва аҳолӣ зимни сабти изҳорот ва гузоришҳо оид ба ҷиноят;
- таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили чораҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти ҷиноятҳо;
- эҷод ва нигоҳ доштани системаҳои самаранок ва ҳисоботдиҳандаи адлияи ҷиноятӣ, таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ин соҳа, аз ҷумла онлайн;
- такмил додани қобилияти мубодилаи дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ ва мубодилаи иттилоот, таъмини шаффофияти тартиби қабули аризаҳо ва қабули қарорҳо.

1385

Лоиҳаи мазкур бо кӯмак ва дастгирии Шуъбаи байналмилалии маводи мухаддир ва ҳифзи қонун (INL)-и Департаменти давлатии ИМА ва Safeworld дар доираи Барномаи рушди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика