Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинги омӯзишӣ оид ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа

1360

Рӯзи 15-уми декабри соли 2020 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. барои кормандони ШВКД дар ноҳияи Фархор тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Шарифзода Хушбахт оғоз гардида, мавсуф қайд намуд, ки ислоҳоти милитсия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери назорати қатъии Вазири корхои дохилӣ амалӣ гардида истодааст.
Мавриди қайд аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот ин тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад.

13611363

Дар интиҳои семинар-машварати омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён «Роҳнамои ҳамкории милитсия бо ҷомеа», санадҳои меъёрии танзимкунандаи самти ҳамкорӣ ва дигар маводҳои тақсимотӣ тақдим карда шуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика