Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи сардори РВКД дар вилояти Суғд аъзоёни Шӯро бо аҳолӣ ва намояндагони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаҳмонидани рафти ислоҳоти милитсия, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои политсия”, шиносоӣ бо фаъолияти кории кормандони милитсия вохӯрӣ доир намуданд.
Аъзоёни Шӯро бо роҳбарии Раиси Шӯро Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, ҳамчунин, доир ба амалисозии “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ба мардум фаҳмонидани раванди ислоҳоти милитсия, корҳои анҷомдодашуда дар доираи ислоҳот, ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия мебошад.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>