Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Ҷаласаи корӣ доир ба ислоҳоти милитсия

 64

Рӯзи 10 феврал дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бо иштироки роҳбарияти Раёсат, сардорони шуъбаҳои ташкилӣ-нозиротӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тафтишот ва хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон доир гашт. 

Дар оғоз муовини якуми сардори Раёсат полковники милитсия Музаффар Ализода ҳадафи баргузор намудани ҷаласаи якҷояи кориро тавзеҳ дод, ки мақсади он ҳарчи бештар ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ дар самти амалисозии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» мебошад.

65

Сипас, ба ҳозирин раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар мухтасаран доир ба фаъолияти Шӯро ва нақшаҳои дар пеш истода маълумот дод. Фаъолияти Шӯро дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия равона гардида баҳри тақвият додани механизми ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки маҳаки асосии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад корҳои зиёде ба субут расонида шудааст. Таклифу пешниҳодҳо чи аз тарафи шаҳрвандон ва чи аз тарафи намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба он, ки ояндаи милитсияро чигуна дидан мехоҳанд барои боз ҳам такмил ёфтани ин сохтори давлатӣ мусоидат менамояд, гуфта шуд дар чорабинӣ.
Имрӯзҳо бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кишварҳои донор ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад. Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таҷҳизоти муосир, таъсиси телефони боварӣ, сомонаи расмӣ, марказҳои тестӣ, ворид намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ аз зумраи он иқдомоти ҷадиде мебошанд, ки ба рушди ислоҳот мусоидат менамояд.
Тавре дар рафти ҷаласа қайд гардид иштироки бевосита ва мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар раванди ислоҳот хело муҳим мебошад ва бояд шаҳрвандон имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд. Зимни муҳокимаи ин мавзӯъ дар баробари ба таври анъанавӣ гузаронидани афкор дар байни аҳолӣ ташкили барномаи «Микрофони озод», гузоштани «Сандуқи ҷамъоварии пешниҳод вобаста ба ислоҳоти милитсия» дар нуқтаҳои серодам ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Зеро ҳарчи соддаву осонтар ва ба мардум дастрас бошад маълум хоҳем кард, ки аҳолӣ дар оянда милитсияро чигуна дидан мехоҳанд.

66

Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд маълумот доданд, ки давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади пешгири аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як қатор чорабиниҳои ташвиқотӣ ва таълимӣ – тарбиявиро ба нақша гирифтаанд. Ҳайати иштирокчиёни ҷаласа дар баробари баррасии барномаи кории Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва Раёсатро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, барои самарабахшии фаъолият қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика