Тавре ки ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳанӯз 19 марти соли 2013 бо фармони Президенти мамлакат “Стратегияи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид. Дар асоси Стратегияи мазкур Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи иҷрои он таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2014 тасдиқ карда шуданд.
Тибқи Низомнома дар бораи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2015 ҳайати Шӯроҳои ҷамъиятии назди ВКД, РВКД дар ВМКБ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷумла Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста бо аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд.
Чунин як мулоқоти муфид бо ширкати раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Лоҳутӣ Шоҳназаров, муовини раиси Шӯро Асалмо Сафарова, роҳбари гурӯҳи корӣ Шаҳриёр Баротов, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо аҳолии ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Дар ҷамъомад доир ба ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳуқуқҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия сухан ронданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳо низ Шӯроҳои ҷамъиятӣ бояд фаъолнокӣ нишон диҳанд.
Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад, зикр гардид, дар ҷамъомад.
Ҳамин тавр оиди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сухан ронда таъкид доштанд, ки ба аҳолӣ фаҳмондану нишон додани симои аслии милитсия ҳамчун ҳимоятгару ҳомии халқ, коҳиш додани сатҳи коррупсионӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани хатарҳои амалҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва мақсаду мароми ин душманони одаму олам мебошад. Чунин мулоқоти хотирмони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардид.
Офоқ Қодириён
Вахшонаи Хатлонӣ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>