Баҳри амалигардонии ислоҳот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020”ба тавсиб расид. Ва дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи он” низ тасдиқ гардид.
Дар самти амалигардонии Фармон ва Барномаи мазкур дар ВМКБ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ба фаъолият шурӯъ кард. Илова бар ин дар давраи фаъолияташ оиди ислоҳоти милитсия пайваста дар шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Бо ташаббуси роҳбарияти ВКД ва дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Хоруғ оиди ислоҳоти милитсия чорабинӣ доир гардид. Ин чорабиниро Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар ВМКБ Манучеҳр Холиқназаров оғоз бахшида оиди корҳои ба анҷомрасонидаи Шӯрои ҷамъиятӣ суханронӣ намуд.
Сипас, муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам баромад намуда, қайд кард, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талоши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми чанд соли охир дар миқёси ҷумҳурӣ бинову иншоотҳои макомоти корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, айни замон сохтмони иншоотҳои хурду калони маъмурию хизматии ВКД идома доранд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Мавриди қайд аст, ки дар ин чорабинӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷамъ омада, дар ин барнома фикру андешаҳои худро баён намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад доир ба амалишавии ин барнома таклифу пешниҳодҳо иброз гаштанд.
Абдулмӯъмини Зайниддин, Далер Чоршанбе, ВМКБ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>