Аз санаи 10-ум то 12-уми январи соли равон дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД дар мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти милитсия ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД, раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Кӯлобу Рашт ва намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, инчунин ташкилотҳои Сейферворлд («Дунёи бехатар») ва «Ҷаҳон» иштирок доранд.
Баромадкунандагон дар бораи мақсад ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия, натиҷаҳо ва дурнамои ислоҳоти милитсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия, муқаррароти умумии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои милитсия, Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар мавзӯъҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>