Рӯзи 20-уми декабри соли равон дар дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон омӯзиш дар мавзӯи «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» ва критерияҳои аъзошавӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ аз рӯи нақшаи профилактикӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Лоҳутӣ Шоназаров - раиси Шӯрои мазкур оғоз бахшида, таъкид дошт, ки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ хоҳони онанд, ки бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро вусъат бахшанд. Нақша аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 амалӣ мегардад, ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» ва ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» дастгирӣ меёбад.
Инчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Низомова Мадина ҳамоҳангсози барномаи устувории ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», роҳбари гӯруҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон Шаҳриёр Баротов баромад намуданд.
Тибқи нақшаи мазкур Шӯроҳои ҷамъиятӣ мақсад доранд, ки дар мавзӯи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, таҳлил ва муайянкунии афзалиятнокии мушкилоти ҷомеа ва таҳиянамоии нақшаи пешгирикунанда дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавии милитсия минбаъд омӯзишҳо барпо намоянд.
Бояд хотиррасон кард, ки нақшаи профилактикӣ аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи мусоидат намудан ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон тартиб дода шудааст.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>