Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устувор намудани ҳамкорӣ бо ҷомеа

451

Рӯзи 18-уми декабр дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе" ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД дар бораи банақшагирии семоҳаи аввали соли 2019 баргузор гардид.
Нахуст, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов баромад намуда, иброз кард, ки вазифаи асосии Шӯроҳо ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" бо роҳи муҳокимарониҳои ҷамъиятӣ, пешниҳод намудани фикру андешаҳо оид ба ислоҳоти милитсия ба гурӯҳи корӣ, ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур, фаъолгардонӣ ва барпо намудани ҳамкорӣ бо ҳама Шӯроҳо мебошад.

452453454

Мавсуф, инчунин доир ба дурнамои Шӯро сухан ронда, иброз намуд, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд ва дар тағйироти стратегии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок менамоянд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа аъзои Шӯро доир ба лоиҳаҳои навбатиашон, ки вобаста ба корҳои афзалиятнок оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, зӯроварӣ дар ҷомеа, омилҳои номатлуб ва дигар мавзӯъҳо пешниҳод гардиданд, муҳокимарониҳо карданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика