Рӯзҳои 21-23 ноябри соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Суғд, ёвари сардори РВКД дар вилояти Суғд ва ёварони сардори ШВКД дар ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Конибодом, Спитамен, Исфара-1 доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ташкили кори Дружинаҳои ихтиёрӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.
Иштирокчиёни машғулиятҳо доир ба рафти амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва уҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, Кодекси рафтори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, сатҳи огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, фалсафаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», усулҳои муайян намудани мушкилотҳои афзалиятнок дар ҳамкорӣ бо ҷомеа донишҳои худро муккамал намуданд.
Дар машғулиятҳо 20 нафар аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва ёварони сардорони раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида буданд. Дар машғулиятҳо ба иштирокчиён на танҳо барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ донишҳои нав омӯзонида шуд, инчунин онҳо аз таҷрибаи фаъолияти худ ба ҳамдигар мубодила намуданд.
Дар рафти мубодилаи таҷрибаи корӣ маълум гардид, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун мақомоти ҷамъиятии машваратӣ – мушоҳидавӣ дар РВКД дар вилояти Суғд самаранок фаъолият карда истода, ба ислоҳоти милитсия фаъолона мусоидат намуда истодаанд.
Аз баромадҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар, Турсунов Аскарҷон Раҳмонович, Юлдошев Ҷаббор Абдуфаттоевич, Ахмедов Нарзуллохон Иззатуллоевич, Муртазоев Саъдихон, Ҷалилов Анвар Расулович, Хорисова Моҳинисо, Ҳаитов Маҳмадсалим Самеҳович, Саидов Садриддин Мухторович маълум гардид, ки онҳо фаъолияти якҷояи сокинони ин ё он маҳалро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бо кормандони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ташкил ва назорат карда истода, ба ҳамдигар мунтазам аз хатару таҳдидҳои мавҷуда хабар дода истодаанд. Аз рӯи хулосаи онҳо ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои пеш хело беҳтар ва наздик шудааст.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар РВКД дар вилояти Суғд муҳтарам Маликисломӣ Наим Мунаввар махсус, қайд намуданд, ки “таҷрибаи Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Ярославл, ки тавассути слайдҳо ва расмҳо ба иштирокчиён шарҳ дода омӯзонида шуд, хело ибратбахш буд ва онҳо ҳам саъй мекунанд, ки дар оянда ин таҷрибаро дар фаъолият барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ васеъ истифода намоянд”.
Аз ҷониби иштирокчиёни машғулият махсус қайд шуд, ки дар натиҷаи кори якҷоя эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, махсусан бо кормандони милитсия зиёд шуда, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ хело наздик ва самарабахш гардида, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ тақвият ёфта истодааст.
Мавриди ҷамъбасти машғулиятҳо онҳо бо боварӣ изҳор намуданд, ки донишҳои нав ба онҳо дар амалишавии ислоҳоти милитсия кӯмак мерасонад ва онҳо саҳми сазовори хешро дар раванди ислоҳоти милитсия, демократисозии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мегузоранд. Инчунин иброз доштанд, ки саҳми шӯроҳои ҷамъиятиро дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ беҳтар менамоянд.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ғуломов Қ.Ҷ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>