Рӯзи 27-уми апрели соли 2018, дар доираи амалисозии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои 2014-2020 мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода бо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Хатлон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода ҷамъомадро оғоз бахшида, ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ нисбати фаъолияти назаррасашон дар самти мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия изҳори миннатдорӣ намуда иброз дошт, ки ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия имкон медиҳад, то сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон ба тадриҷ кам гардад.
Тавре, ки сардори Солеҳзода И. таъкид дошт, нисбати фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳои назаррас медиҳанад ва пайваста Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла Шуъбаҳои вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро зич ба роҳ монда, доир ба амалӣ гаштани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва ғайраро бо аҳолӣ пайваста вохӯриҳо доир намоянд.
Зимни мулоқотҳои худ кӯшиш менамоянд, ки аҳли ҷомеа низ аз ҳуқуқҳои хеш бархурдор гардида, барои ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо робитаи зич пайдо намуда, муҳим аз ҳама мардум дар симои корманди милитсия пуштибони хешро пайдо созанд.
Дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дафтари корӣ бо кӯмаку дастгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар вилояти Хатлон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо кушода шуд, ки айни ҳол фаъолият мекунад.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоҳназаров оиди фаъолияташон дар тӯли 3 моҳи соли равон гузориши муфассал дод.
Шӯрои мазкур фаъолияташро аз моҳи апрели соли 2015 дар асоси Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба роҳ монда, кӯшиш намудаанд, ки мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияро дар ҷомеа бо самар амалӣ намоянд.
Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ барои пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои экстремистӣ-террористӣ, як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар Стратегияи ислоҳоти милитсия таъкид шудааст, ки иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат меварзанд.
Аз ин рӯ Ташкилоти байналмилалии “SAFERWORLD” (Дунёи бехатар) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон” ҷиҳати амалӣ намудани барноми мазкур ба доир намудани чорабиниҳои нақшавии худ идома медиҳад.
Чунин чорабиниҳо дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониен, Ҷайҳун, Шаҳритус ва инчунин шаҳри Бохтар оиди омӯзиши усулҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа доир карда шуданд.
Шӯрои ҷамъиятӣ дар оянда нақша дорад, ки бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯриҳои судманд гузаронида, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳолӣ пурзӯр намояд.
Зимни суханронии худ иштирокдорони вохӯрӣ мулоқотҳои мазкурро дар тақвияти ҳамкории сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Шӯрои ҷамиятӣ, баланд бардоштани фаъолияти хизматии кормандони милитсия ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ хело муфид шумориданд.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>