Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими маҳорат ва малакаи аъзои Шӯрои ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон

401

Ислоҳот дар соҳаи милистия ва мақомоти корҳои дохилӣ аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020”, аз 19 марти соли 2013 манша мегирад. Бар асоси ин Фармони Сардори давлат «Барномаи рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» таҳия ва қабул карда шуд, ки инак чор сол аст, ки тавассути ВКД амалӣ карда мешавад. 

Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҳамкорӣ ва механизми асосӣ дар амалисозии барномаи мазкур мебошанд. Барномаи мазкур на танҳо ба ин масъала таъкид шудааст, ки милитсия муҳимтарин вазифаи давлат дар таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро иҷро мекунад, балки ба зарурати муосирсозии сохтори мавҷудаи мақомоти корҳои дохилӣ, ташкили фаъолияти онҳо, сиёсати кадрӣ ва таъминоти молӣ ва моддӣ-техникии милитсия низ таваҷҷуҳ ва таъкид шудааст. Дар Стратегияи ислоҳоти милитсия таъкид шудааст, ки “иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат меварзанд”.
Аз ин рӯ, Ташкилоти байналмилалии “SAFERWORLD” (Дунёи бехатар) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон” ҷиҳатӣ амалӣ намудани барноми мазкур ба доир намудани чорабиниҳои нақшавии худ идома медиҳад.
Дар шаҳри Норак барои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониен, Ҷайҳун, Шаҳритус ва инчунин шаҳрҳои Бохтар ва Норак семинари серӯза роҷеъ ба омӯзиши усулҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа, омода ва муаррифӣ намудани ҳисобот доир ба фаъолияти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, усулҳои исифода аз техналогияи муосир дар фаъолияти Шӯро ва ғайра доир карда шуд.

402

Аз ҷумла, ба иштирокчиён усулҳои муаррифии ҳисобот дар назди мардум омӯзонида шуд. Мақсади омӯзиш боло бурдани маҳорат ва малакаи ҳунари гузоришгарии аъзои Шӯро зимни ироаи ҳисобот мебошад. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои омӯзиш иштирокчиён ба мафҳуми рӯнамоӣ ё презентатсия, яъне худи мафҳуми презентатсия чист ва аз кадом марҳилаҳо иборат мебошад ва чигуна ба таври дуруст онро бояд таҳия намуд, ошно карда шуданд. Дар поёни машғулиятҳо иштирокчиёни семинар малакаи худро дар мусатқилона анҷом додани таҳияи матни презентатсия, омода намудани он ва ҳамроҳ кардани расм ва ҷадвал ба ҳисобот ба намоиш гузоштанд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки семинари мазкур дар тақвияти ҳамкории сохторҳои ҷомаеи шаҳрвандӣ ва Шӯрои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматии кормандони милитисия ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ самаранок хоҳад буд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика