Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи иттилоотӣ бо мақсади ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия

321

Имрӯз (03.04.с.2018), дар толори Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ВКД бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ВКД Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А., Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ғуломов Қ., расонаҳои хабарӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ширкат варзиданд.

322

Чорабинии мазкурро генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф. оғоз намуда, вобаста ба талаботҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва дастовардҳои Вазорат дар раванди ислоҳоти милитсия ибрози ақида намуд.

323

Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Сайфиддинов А. ва афсари алоқаи САҲА Маҳмадиев Ҳ.Х. баромад намуда, вобаста ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа маърӯза намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар назди ВКД соли 2015 Шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки тибқи Низомномаи ШҶ соли ҷорӣ мӯҳлати ваколати онҳо ба охир мерасад.
Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҷаласаҳои иттилоотӣ баргузор шуда истодаанд.
Чунин ҷаласаҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт ва Хуҷанд низ баргузор карда мешаванд.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика