Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории гурӯҳи ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар Рашт

Имрӯз (12.04.с.2017), дар бинои идораи ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт ҳуҷраҳои кории Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия ба истифода дода шуд. 

Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, намояндагони Идораи байналмилалии зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷеймз Берг, ташкилоти байналмилалии Дунёи бехатар (Save of World) Хирад Каргасов, кормандони милитсия, аъзоёни Гурӯҳи кории ҳамкории ҷомеа бо милитсия, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Рашт ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Боиси зикр аст, ки ин чорабинӣ дар доираи стратегия ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Ҳуҷраҳои кории Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия бо сатҳу сифати баланд таъмир карда шуда, бо лавозимоти зарурӣ, компютер, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории мазкур, Шӯрои ҷамъиятӣ ва кормандони милитсия дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ, дар доираи амалигардонии муқаррароти барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

Зимни суханрониҳо, иштирокчиёни чорабинӣ қайд намуданд, ки таҳкими робитаи милитсия бо аҳолӣ пеш аз ҳама ба амнияти мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сари вақт ошкору пешгирӣ шудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Х. Солиҳов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика