Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

17-уми феврали соли 2017, бо иштироки намояндагони ВКД, гурӯҳи кории идораи ислоҳоти милитсия, шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ташкилоти «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) ва донорҳо мизи мудаввар оид ба коркард ва мукаммалгардонии Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид.


Нахуст муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал майори милитсия Умарзода Икром Ислом доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Шӯрои ҷамъиятӣ андешаҳои худро баён намуда, зикр сохт, ки мақсад аз тағйиру иловаҳо ба Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, наздик намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мебошад.


Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар фикру андешаҳои хешро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур иброз дошт.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба ислоҳоти милитсия Азимҷон Сайфиддинов барои боз ҳам мукаммал гардонидани Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз тағйиру иловаҳо беҳтар намудани фаъолияти Шӯрои мазкур дар пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ дар маҳаллаҳо мебошад.
Дар охир таклифу пешниҳодҳои муфид ироа гардида, барои мукаммал намудани Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ гардиданд.
Т. ЛАТИПОВ 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика