Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди ҷавонон аз шуъбаи корҳои дохилӣ

Гурӯҳи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади шиносоии наздик аз фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байниякдигарӣ боздиди ҷавонон – ёрдамчиёни милитсияро ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ асосан ҷавонони ҷамоати деҳоти Хистеварз ва аъзоёни Гурӯҳи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Б.Ғафуров фаъолона ширкат варзиданд.


Ҷавонон аз шароити корӣ, варзишӣ ва рафти хизматбарии кормандони милитсия аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо дар мавзӯҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, натиҷаи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа ва дигар мавзӯҳои дахлдор ҳамсӯҳбат шуданд.
Аъзои гурӯҳи ёрдамчиёни ҷавони милитсия Нигина зимни сӯҳбат иброз дошт: «Ҷавонони гурӯҳи мо якчанд курсҳои омӯзишии ҳамкориҳо бо милитсияро гузаштанд, вале акнун имконият пайдо шуд, ки дар шуъбаи корҳои дохилӣ бо фаъолияти милитсионерон аз наздик шинос гарданд. Оиди таасуроти худ ҳатман ба дӯстони наздики худ мерасонам».
Аъзои дигари гурӯҳи ёрдамчиёни ҷавони милитсия Фаридун бошад, зикр намуд, ки ин боздид ба ӯ хеле ҳам писанд афтод. Пас аз ин дар дили ӯ хоҳиши кор намудан дар сафи мақомоти милитсия пайдо гашт.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҷомеа бо милитсия баргузор гардид.
Х.Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика