Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси гурӯҳи «Пешоҳанг» дар ҷамоати Хистеварз

Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо мақсади пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон, бо волидон ва муаллимон (роҳбарони синфҳои болоӣ) дар бинои мактаби миёнаи №40-и ҷамоати Хистеварз бо дастгирии ташкилоти “Дунёи бехатар” (Сейферворлд) ва ташкилоти ҷамъиятии ҳамшарик “АЗИТ” вохӯрӣ доир намуданд. 

Дар рафти вохӯрӣ равоншинос дар мавзӯи “Дилро ба дил раҳест” оид ба муносибати байни волидайн ва фарзандони ноболиғ, корманди милитсия оид ба пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон, намояндаи тиб оид ба пешгирии нашъамандӣ ва нишонаҳои он, ҳамчунин намояндаи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ оид ба пешгирии авбошӣ ва нашъамандӣ тавассути ҷалби ҷавонон ба бозиҳои варзишӣ баромадҳо карданд.

Дар ин вохӯрӣ 31 нафар ҷамъ омада, сӯҳбати гарму самимӣ оростанд. Зимни вохӯрӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки машварат додан нисбат ба насиҳат барои ҷавонон беҳтар аст, зеро онро қабул хоҳанд кард.
Тибқи нақшаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар ҷамоати Хистеварз пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон муайян шуда буд ва аз рӯйи он нақша Гурӯҳи мушоҳидакорон аз ҳисоби талабагони зиёда аз 10 мактаб таъсис дода шуд. Таклиф шуд, ки номи онро “Пешоҳанг” гузоранд, то ин ки барои дигар ҷавонон намуна бошанд.
Манижа Тилавова 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика