Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар намуд.

Дар ҷараёни сафар масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Зимни сафар баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба  ҳамкории наздисарҳадӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин сафар Вазири корҳои дохилиро Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Раҳимов Абдураҳим Абдураҳмонович, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ генерал-майори милитсия Саидов Маҳмадсаид Боронович, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ва сардори ББМ «Интерпол» Машрабов Ҷамшед ҳамроҳӣ менамоянд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика