7 ноябри соли 2012 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ бо директори генералии ҶДММ «Хуавей Технологияи Тоҷикистон» ҷаноби Лю Цзянвей баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҷаноби Лю Цзянвейро менеджери ширкати мазкур Чжан Цзин ҳамроҳӣ намуд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии нақлиёт дар шаҳри Душанбе- фазаи 1» «Шаҳри бехатар» мебошад. Инчунин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ташкилоти мазкур лоиҳа дар 2-намуд пешниҳод гардид, ки дар он тамоми шарту шароитҳо барои татбиқи ин лоиҳа дарҷ гардидаанд.
Тарафҳо пешниҳод намуданд, ки лоиҳаи мазкур барои дар амал татбиқ гардиданаш ҳарчи тезтар баррасӣ карда шавад.
Ҳангоми баргузории вохӯриҳои мазкур тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар баён намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои оянда баргузор гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>