Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин ба вилояти Хатлон

791Ҳафтаи сипаригардида дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва созишномаҳои ба имзорасида ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан намуданд.792

Дар доираи ин сафар мулоқоти кории роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай таҳти роҳбарии ҷаноби Сюй Ефэн бо Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид.
793Дар мулоқоти корӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ва политсияи шаҳри Шанхай дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, табодули таҷриба оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва раванди террористиву экстримистӣ дошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.794
Дар анҷоми вохӯрӣ байни роҳбарони ҳайатҳо ҷаноби Сюй Ефэн ва генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода Протокол оид ба тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

795




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика