Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраи омӯзишӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

185

Рӯзи 13-уми феврали соли 2023, дар шаҳри Женеваи давлати Швейтсария давраи омӯзишӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс иштирок дорад.

Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.

Мавриди қайд аст, ки давраи омӯзишӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ то 16-уми феврали соли 2023 идома ёфта, ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисон зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва роҳҳои муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ омӯзонида мешавад.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика