11-уми феврали соли 2023 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Егоров Алексей Сергеевич иштирок дошт.Нахуст, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславовичро барои таъйин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳо таманно кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам табодули афкор намуданд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>