21-уми декабри соли 2022 намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Ху Тзюнтан ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва ҳамкориҳои стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар доираи санадҳои баимзорасида байни вазоратҳои ду кишвар низ табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти милитсия роҳандозӣ гардидааст.
Дар идомаи мулоқот, ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>