Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода роҳбарӣ кард.
Дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Ниязбеков, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманқулов, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон Пӯлат Бобоҷонов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Ахметжанов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Иван Кубраков, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эйвазов Вилаят Сулейман оглу, сардори полиси Ҷумҳурии Арманистон Ваге Казарян, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ Олег Коновалов, сардори Маркази зиддитеррористии ИДМ Евгений Сисоев ва намояндаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ Валерий Дубровский ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳоро оид ба андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ дар давлатҳои Иттиҳод, татбиқи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳои махсусан хавфнок – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм муҳокима карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони махсусан хавфнок, муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нави психоактивӣ, психотропӣ ва нашъадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>