Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба Ҷумҳурии Туркия

22 июли соли 2022, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.

 viber_2022-07-25_15-57-14-110

Пас аз истиқболи гарму самимӣ вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Сулаймон Сойлу оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз тақвият ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, барои амалӣ намудани иқдомҳои дар пеш истода ба сохторҳои дахлдори вазорат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 viber_2022-07-22_22-42-33-803

Дар ҷараёни сафар Созишнома оид ба ҳамкори дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Сулаймон Сойлу ба имзо расонида шуд.

Айни замон сафари хизматии Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ба Ҷумҳурии Туркия идома дошта, аз ҷараёни сафар иловатан иттилоъ дода мешавад.

 viber_2022-07-25_15-59-15-179


Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика