Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон

Доктор Абдулғафур Орзу дар навбати худ аз пазироии гарму самимонаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки мардуми ин ду кишвари бародар на танҳо аз лиҳози ҷуғрофӣ, балки бо тамаддун, фарҳанг ва таърихи худ наздик ҳастанд. Агар сулҳу субот ва амният дар ин минтақа ҳамеша ҳукмфармо бошад, робитаҳои ду кишвар боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт. Қайд намуданд, ки онҳо низ омодаанд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мушаххаси самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳа табодули назар карда шуд. Ҳамчунин дар вохўрии мазкур, ки хеле самимӣ ва пурмўҳтаво доир гардид, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика