Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

4O6A5875

Рӯзи 30 ноябри соли 2021 вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо муовини роҳбари барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Владимир Загусов баргузор гардид.
Сараввал муовини Вазири корҳои дохилӣ Раҳмонзода С.Ҳ. меҳмононро ба сарзамин офтобрӯяи Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Муродалӣ Саидзода




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика