Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо

4O6A5600

22-юми ноябри соли 2021, вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Ханс Шеддер баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Риояи меъёрҳои асосии инсондӯстӣ нисбати гурезагон ва паноҳҷӯяндагон, аз он ҷумла, истифодаи ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд, кафолат дода мешаванд.
Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар навбати худ Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Ханс Шеддер барои пазироии самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

4O6A5611
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика