Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъат ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия

4O6A2261126-уми октябри соли 2021 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. ҳайати меҳмононро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, мулоқоти мазкурро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Туркия арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар навбати худ Ҳасан Йигит иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин вусъат ёфтани терроризм аст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо дар муқобили хатарҳои замони муосир истифода бурда, дар якҷоягию ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
4O6A2282

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти робитаҳои касбӣ изҳорӣ боварӣ намуданд.
Мавриди қайд аст, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит барои иштирок дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳайати мазкур ҳамчунин аз Академияи ВКД ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.

 

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика