Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд дар доираи ҳамкорӣ

606

Имрӯз (13.07.2021) вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Раиси Кумитаи оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷаи Шӯрои милии Федералии Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии “Ҳедая” Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба ҷаноби Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён дошт.
Қайд гардид, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Дар навбати худ меҳмонон низ зикр намуданд, ки давлати Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки ин ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Муродалӣ Саидзода,
Зардаков Довуд

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика