Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Шӯъбаи Котибот оид ба давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Сюй Чуанчун, сардори Шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди терроризм Ли Чуан, сардори Шӯъбаи ҳамин Раёсат Сюй Тсян, сардори Шӯъбаи ахборотдиҳии Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ Чжан Яган ва афсари Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван Тао иштирок намуданд.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизулоевич ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои тарафайн баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳад овард.

Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимона сурат гирифт, тарафайн барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо тақвият хоҳанд ёфт.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика