Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Вазири Кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов нахуст меҳмононро хайрамакдам гуфта, изҳор намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон ба роҳ монда, дар ин муддат беш аз 90 санади муҳими байнидавлатиро ба имзо расонидааст. Мо ба таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистону Эрон, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунад, бо назари нек менигарем».

Дар навбати худ оғои Тоҳо Тоҳирӣ аз пазироии гарму самимии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов изҳори сипос намуда, қайд кард, ки «Ҳамкориҳои дуҷониба бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, махсусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хело хуб аст ва мо метавонем онро хеле сареҳтар барои нуқтаи беҳтаре пеш бибарем».     

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар намуданд.

Тарафҳо зимни мубодилаи афкор лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори умед карданд, ки баъди баимзорасонии ин Созишнома ҳамкориҳо боз ҳам вусъат меёбанд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика