Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), Бюрои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок (БКБОП), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) муносибатҳои дуҷониба дар ҳама ҷабҳаҳо рушду такомул ёфта, дар сатҳи баланд қарор доранд.

Мавриди тазаккур аст, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ҳар сол бо навбат дар қаламрави давлатҳои якдигар баргузор мегардад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Махсусан дар таҳия ва амалисозии асноди барномавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар пешгирӣ, барҳамзанӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти байналмилалӣ дошта ва ба омодагии касбии кадрҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар навбати худ Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семенович изҳор дошт, ки «Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам робитаи дӯстона ва зич дошта, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳоро фаъолона амалӣ намуда истодаанд, ки ин ҳамкориҳо муносибатҳои моро қавитар мегардонанд”.    

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо, изҳори боварӣ намуданд, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муштарак боз ҳам вусъат меёбанд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Гулова М., майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика