Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САҲА - шарики иҷтимоии боэътимоди ислоҳоти милитсия

257

Рӯзи 27-уми августи соли 2020 бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер ва дигар шахсони расмӣ маросими ифтитоҳи Гӯшаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷраи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳо баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим барои мустаҳкам намудани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ба роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ на танҳо дар амалигардонии чорабиниҳо, балки дар раванди таҳия ва коркарди санадҳои заминавии ислоҳоти милитсия, яъне Стратегия, Барнома, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо шарикони иҷтимоӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар ин раванд ҳамасола байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе нақшаҳои кории муштарак ба имзо расонида мешавад.
Зикр гардид, ки чорабинии имрӯза низ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. рӯи кор омада, аз ҷониби шарики иҷтимоии боэътимоди ислоҳоти милитсия - Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе таъмир ва бо техникаву таҷҳизоти лозимию муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

260258259261262

Дар хотимаи чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати густариш ёфтани ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика