Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ аз ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Бунёди Ҳанс Зайдел изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки ин ҳамкориҳо бешубҳа дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамоянд. Танҳо дар давоми соли 2013 Вазорати корҳои дохилӣ бо кӯмаку дастгирии Бунёди Ҳанс Зайдел 2 семинари минтақавӣ ва 2 конференсияи байналмилалӣ дар сатҳи баланд доир намуд.      

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози андеша намуданд.

Дар навбати худ, ҷаноби Михаил Глос - аъзои Кумитаи корҳои хориҷии Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки «Ман 17 сол пеш дар ин минтақа будам. Акнун дидам, ки дар ин муддат ҷумҳурии шумо ба чӣ қадар пешравиҳо ноил гардидааст. Ман аз ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Бунёди Ҳанс Зайдел бениҳоят хушҳолам».

Дар фарҷом тарафҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ намуданд. 

Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика